Соли 2025 дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 146 муассисаи соҳаи маориф, аз ҷумла 110 муассисаи таълимӣ бо 1242 синфхона барои 62100 ҷойи нишаст дар ду баст сохта, мавриди истифода қарор дода шуд. Дар ин бора аз Раёсати маорифи вилояти Хатлон иттилоъ доданд.
Гуфта шуд, ки ҳамзамон, дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои вилоят 32 адад муассисаи томактабӣ аз ҷумла 20 боғча барои 4074 ҷой мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд, ки ин теъдод фарогирии кудакони синни томактабиро аз 24,7 фоизи соли 2024 ба 33,2 фоиз дар соли 2025 баробар намуд.
Ба иттилоъи манбаъ аз ҳисоби соҳибкорон ва сокинони саховатпеша 61 муассисаи таълимӣ барои 18900 ҷойи нишаст дар ду баст ба маблағи зиёда аз 115 млн сомонӣ ва 13 муассисаи томактабӣ барои 2440 ҷой ба маблағи зиёда аз 33 мл сомонӣ бунёд гардиданд.

Хатлон: Бунёди 110 мактаб ва 32 муассисаи томактабӣ
Блоки рекламавӣ


