Кормандони милитсияи вилояти Хатлон дар идомаи мубориза бар зидди хурофотпарастӣ ва нафароне, ки ба сеҳру ҷоду, фолбинӣ ва гарму хунуккунӣ машғуланд, як қатор амалиёти санҷишӣ гузаронида, 10 ҳолати мардумфиребии ин ашхосро дар ноҳияҳои Шаҳритус, Балҷувон, Ҷайҳун, Восеъ ва Носири Хусрав ошкор карданд.

Гарчанде мақомоти милитсияи Хатлон чандин маротиба оид ба кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ ва мардумфиребонаи ашхоси машғул ба сеҳру ҷоду ва фолбинӣ маълумот дода, аз шаҳрвандон даъват ба амал меорад, ки аз рафтан ба назди чунин ашхоси мардумфиреб худдорӣ намоянд, мутаассифона, боз ашхосе ёфт мешаванд, ки ба андешаҳои хурофотӣ ва гумроҳкунандаи ин табақаи муфтхур пойбанд монда, барои баровардани эҳтиёҷоти шахсӣ назди «фолбин», «ҷодубарор» ва «мушкилкушой» мераванд.

Дар робита ба ин нисбати Турахонов Холмурод Каримович соли таваллудаш 1978, сокини деҳаи Ватани ноҳияи Шаҳритус ва Сафарова Шодигул Гулматовна, соли таваллудаш 1968, сокини деҳаи Дӯстии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ барои такроран машғул шудан ба сеҳру ҷоду парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 240 иловаи 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, чорабиниҳои тафтишотӣ идома дорад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь