Дар идомаи мубориза зидди хурофотпарастӣ ва амалҳои мардумфиребона аз ҷониби милитсияи Хатлон зимни доир намудани як қатор амалиётҳои санҷишӣ дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 6 нафар шаҳрвандон барои машғул шудан ба сеҳргариву ҷодугарӣ ва гарму хунуккунӣ дастгир карда шуданд. Инҳо:
Юлдошев Бахтиёр Омонҷонович соли таваллдаш 1973, сокини шаҳри Бохтар; Сулеймонова Садия Асановна соли тавллудаш 1966, сокини шаҳри Бохтар; Асатуллоев Саимухтор Абдуллоевич соли таваллуд 1969 сокини ноҳияи Шаҳритус;
Абдулфайзова Фирӯза Холмаматовна соли таваллуд 1989, сокини ноҳияи Шаҳритус;
Султанов Абдураҳим Ашурович соли таваллудаш 1959, сокини ноҳияи Носири Хусрав; Изатова Паригул Додарбековна соли таваллуд 1964, сокини ноҳияи Восеъ.
Муайян карда шуд, ки номбурдагон муддатест дар манзилҳои истиқоматии худ шаҳрвандонро қабул намуда, ба амалҳои фолбиниву сеҳргарӣ машғул будаанд.
Албатта, имрӯз хосатан занон бо мушкилоти бахткушоӣ, гарму сардкунӣ, бефарзандӣ ва даҳҳои дигар ба пеши ин тоифаи фолбину сеҳргарон мераванд ва гӯё, мушкилашон ҳал мешавад, бехабар аз он ки боиси гарм нигоҳ доштани бозори мардумфиребон ва аз байн нарафтани ин амали номатлуб гардидаанд.
Ҳангоми азназаргузаронии манзили истиқоматии ин нафарони мардумфиреб як қатор ашё ва предметҳое, ки барои сеҳргариву фолбинӣ истифода мешаванд, дарёфту мусодира карда шуданд.
Нисбати номбурдагон тибқи талаботи моддаи 482 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд.

Хатлон: Боздошти 6 фолбину “мушкилкушо”
Блоки рекламавӣ


