Бо пешниҳоди раиси вилояти Хатлон ва фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ Искандаров Муҳаммад Саидович сартабиби Беморхонаи вилоятии шаҳри Кӯлоб ба номи Ҳақназаров таъин гардид.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид имрӯз мутахассиси навтаъинро ба ҳузур пазируфта, оид ба баррасӣ ва ҳалли масъалаҳои мубраме, ки дар соҳаи мазкур дар минтақаи Кӯлоб ба назар мерасанд, вазифагузорӣ кард.
Давлаталӣ Саид, раиси вилоят ба кадри навтаъин барори кор хоста, ҷиҳати бо ҳисси баланди масъулиятшиносию ватандӯстӣ ба роҳ мондани фаъолияти хизматӣ дастуру ҳидоятҳо дод. Зикр гардид, ки зимни иҷрои вазифаи хизматӣ поквиҷдонона ва бо садоқат ба Ватан муносибат намояд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь