Сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Хатлон 3 тоннаю 357,8 кг маводи доруворӣ, молҳои тиббӣ ва маводҳои ороишию гигиение, ки муҳлати истифодаашон гузашта аст, ба роҳи сузонидан нобуд кардааст.
Аз Сарраёсати мазкур иттилоъ доданд, ки аз маҷмуи маводи дорувории муҳлати истифодаашон гузашта 2 тонаю 809 кг ба маблағи 651 ҳазору 778 сомонияшро ширкатҳои фармасевтӣ бо мактуб ба Сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурстӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ барои нобуд кардан дастрас кардаанд. Ҳамчунин соҳибкорон 500 кг маводи ороишию гигиение, ки муҳлати истифодаашон гузашта буд, ба сарраёсат барои нобудсозӣ дастрас кардаанд.
Блоки рекламавӣ



