Дар пайи як тағийроти кадрӣ аз ҷониби вазири маориф ва илми кишвар мудирони шуъбаҳои маорифи як шаҳру ду ноҳияи вилояти Хатлон аз вазифа барканор шуданд.
Манбаъҳои бо эътимод аз шаҳри Бохтар ва ноҳияҳои Ҷалолиддини Балхиву Абдураҳмони Ҷомӣ ба “Фараж” хабар доданд, мудирони маорифи ин шаҳру ноҳияҳо аз вазифа барканор шуда, то ҳол ба ҷойи онҳо касе таъйин нагардидааст. Худи онҳо низ ба кадом вазифаи дигар таъйин шуданд, ё не, маълум нест.
Гуфта шуд ,ки мудирони шӯъбаҳои маорифи ноҳияҳои Балхӣ ва Ҷомӣ бештар аз як сол боз дар ин вазифа кор мекарданд. Талошҳои мо барои суҳбат бо мудирони маорифи ноҳияҳои Ҷомӣ ва Балхӣ, ки бо чӣ далел аз вазифа барканор шуданд, бенатиҷа анҷом ёфт, зеро онҳо ба зангҳои телефонӣ посух надоданд.
Бояд гуфт, Ҳакимзода Хайрулло, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бори дуюм буд, ки ба ин вазифа таъйин гардидаву озод мешавад.
Як манбаъ аз шаҳри Бохтар хабар дод, ки дар муддати бештар аз се соли фаъолияти мудири шуъбаи маорифи шаҳри Бохтар Шаъмигул Шарифзода, дар шаҳр се муассисаи таълимии замонавӣ, ду кӯдакистон сохта шуда, дастовардҳои хонандагон аз озмуну олимпиадаҳо зиёд гардида, дохилшавӣ ба мактабҳои олӣ тавассути Маркази миллии тестӣ бештар шуда буд.



