Омодагии Муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2025-2026 давом дошта то рӯзи 22-уми сентябри соли ҷорӣ нақшаи захираи ангишт 63 дарсад, ҳезум 29 дарсад ва сӯзишвории дизелӣ 8,8 дарсадро ташкил медиҳад. Ин дар ҳолест, ки бояд тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистон то санаи якуми октябри соли ҷорӣ ҳамаи муассисаҳои соҳаи иҷтимоӣ аз ҷумла маориф ба зимистон 100 фоиз омода карда шаванд.
Аз Раёсати маорифи вилояти Хатлон иттилоъ доданд, ки оид ба иҷрои қарори раиси вилояти Хатлон таҳти рақами 94 аз 24.04.2025, ҷиҳати иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 218 аз 28 марти соли 2025, «Дар бораи саривақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумњурӣ барои фаъолияти мунтазам ва cамарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2025-2026» корҳои муайнеро ба сомон расонид.
Гуфта шуд, ки дар муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон аз давраи тирамоҳу зимистони соли сипаригардида 507 тонна ангишт, 357 метри кубӣ ҳезум бақия монда буд. Дар асоси пешниҳоди мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои вилоят нақшаи эҳтиёҷоти ангишт, ҳезум ва сӯзишвории нафтӣ барои мавсими зимистонгузаронии солҳои 2025-2026 13 ҳазору 326 тонна ангишт, 23 ҳазору 471 метри кубӣ ҳезум ва 88 ҳазору 471 литр сӯзишвории нафтӣ муайян карда шуд.
Қайд гардид, ки ба ҳолати 22 сентябри соли ҷорӣ аз 25 шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, шаҳру ноҳияҳои Бохтар 100%, Ҷалолиддини Балхӣ 100%, Кўшониён 101%, Данғара 100% ва ноҳияи Шамсиддин Шоҳин 100% нақшаи захиранамоии ангиштро иҷро кардаанд. Дар шаҳру ноҳияҳои Вахш 68%, Хуросон 90%, Қубодиён 69%, А.Ҷомӣ 75%, Дӯстӣ 42%, Панҷ 48%, Шаҳритус 51%, Н.Хусрав 32%, Ёвон 46%, Левакант 86%, Норак 60% Фархор 64%, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ 42%, Темурмалик 32%, Ховалинг 36% харид ва захиранамоии ангишт оғоз шудааст. Дар шаҳру ноҳияҳои зерин бақияи соли гузашта захира карда шуда, ба ҳолати 22 сентябри соли ҷорӣ ангишт харидорї нашудааст, аз ҷумла дар ноҳияҳои Ҷайҳун 3,9%, Балҷувон 0,%, шаҳри Кўлоб 9,5%, Муъминобод 6,5% ва Восеъ 0%-ро ташкил медиҳад.
Ба иттилои додаи Раёсати маориф имсол бояд ба муассисаҳои соҳаи маориф 13 ҳазору 326 тонна ангишт ворид карда шавад, аммо то санаи болозикр 8 ҳазору 431 тонна, яъне 63 дарсад, нақшаи ҳезум 23 ҳазору 471 куб захира шудааст. 6761 куб, яъне 29 дарсад ва нақшаи сӯзишвории дизелӣ 88 ҳазору 421 литр, яъне 8,8 фоизро ташкил медиҳад.
Дар муассисањои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 347 адад буғхона аз ин 283 адади онҳо дар ҳолати коршоямӣ мавҷуданд. Инчунин 6 ҳазору 476 адад гармкунакҳои барқӣ ва 17 ҳазору 732 адад печҳои аловӣ мавриди истифода қарор доранд.
Зикр шуд, ки аз тарафи Раёсати маорифи вилояти Хатлон ба мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои вилоят 4 маротиба мактуб ҷиҳати фаъолияти мунтазам ва cамарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2025-2026 дар соҳаи маориф ирсол шудааст.
Инчунин, аз тарафи раёсати маорифи вилояти Хатлон 2 маротиба ба унвонии 11 раисони шаҳру ноҳияҳои Ҷайҳун, Кӯшониён, Носири Хусрав, Балҷувон, Восеъ, Темурмалик, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Муъминобод шаҳрҳои Кўлоб, Норак ва Левакант ҷиҳати мусоидат намудан барои иҷрои наҷшаи захираи ангишт, ҳезум ва сӯзишвории дизелӣ мактуб ирсол карда шудааст. Ба маълумоти додаи раёсати мазкур новобаста ба корҳои ба сомон расонида, дар вилоят нақшаи иҷроиши захираи ангишт 63%, ҳезум 29% ва сӯзишвории дизелӣ 8,8%-ро ташкил медиҳад, ки ин қонеъкунанда нест.
Дар ҳамин ҳол Обиди Олимзод, сардори соҳаи иқтисодии Сарраёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон гуфт, ки барои омодагии соҳаи маориф ба зимистони имсол бояд 18 миллиону 500 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шавад, ки то рузи 22-ум сентябри соли равон 12 миллион, яъне 68 дарсад маблағҳои пешбинишуда ҷудо гардида, маблағгузорӣ идома дорад.
Ӯ илова кард, ки барои соҳаи тандурстӣ бошад беш аз 2 миллиону 149 ҳазор сомонӣ ба нақша гирифта шудааст, ки 1 миллиону 204 ҳазор яъне 65 дарсадаш ҷудо карда шудааст.
Бояд гуфт, ки тибқи Қарори Ҳукумати кишвар ва Қарори раиси вилояти Хатлон муассисаҳои соҳаи маориф то 1 октябри соли 2025 пурра бо захираи ангишт, ҳезум ва сўзишвории дизелӣ таъмин карда шаванд. Умед дорем, ки масъулони шаҳру ноҳияҳои вилоят ва шуъбаҳои моариф баҳри омодагии хуб ба зимимстон ва иҷрои нақшаи ба зиммадоштаи худ чораҳои зарурӣ андешида, то 1 октябри соли 2025 пурра аз иҷрои нақша мебароянд.

Хатлон ба зимистонгузаронӣ омода аст?
Блоки рекламавӣ


