Ба аҳолии вилояти Хатлон 291 нақлиёти ёрии таъҷилӣ хизмат мерасонад, ки аз онҳо 29 ададаш таъмирталаб ва 48 ададаш корношоям мебошанд. Дар ин бора зимни нишасти хабарии Раёсати тандурустии вилояти Хатлон иттилоъ доданд.

Мусозода Иброҳим,с ардори ниҳоди мазкур, дар нишаст гуфт, дар шаш моҳи соли ҷорӣ 16 нақлиёти ёрии таъҷилӣ бо маблағгузории буҷетҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон аз таъмир бароварда шуданд. Ӯ афзуд, инчунин, талабот дар вилоят бо нақлиёти ёрии таъҷилӣ 192 адад боқӣ мемонад.

Ба иттилои додаи ин ниҳод айни ҳол шумори умумии аҳолии вилояти Хатлон 3 млн 785 ҳазору 438 нафарро ташкил медиҳад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь