Дар маркази маъмурии вилояти Хатлон-шаҳри Бохтар иштирокчиёни озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” – ро масъулони МИҲД-и вилояти Хатлон, шаҳри Бохтар, аҳли маорифи вилоят, шаҳр ва дигар масъулон дар сатҳи баланд ва шодиву нишот истиқбол гирифтанд.
Пас аз анҷоми маросими супоридани ҷоизаҳои ба ғолибони даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии “Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст” дар шаҳри Душанбе бо дастури раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар маркази вилояти Хатлон шаҳри Бохтар маросими истиқболи ғолибони даври ҷумҳуриявӣ аз вилояти Хатлон баргузор гардид.
Дар суханронӣ муовини раиси вилояти Хатлон Анзурат Абдусаломзода бо ифтихор қайд намуданд, ки ғолибон намунаи ибрат барои дигарон буда, ин ғалабаи бесобиқа натиҷаи эълон гардидани соли 2025 ҳамчун “Соли фарҳанги китобхонӣ” дар вилоят мебошад, ки аз тарафи раиси вилояти Хатлон дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардида буд.
Ӯ афзуд, ки иштирокчиёни вилояти Хатлон дар ин озмуни бонуфузи ҷумҳуриявӣ бо кӯшишу талоши беназир ва дониши амиқи худ соҳиби ду Шоҳҷоиза ва 26 ҷойи ифтихорӣ гардиданд. Ин пирӯзии ҳамагонӣ шаҳодати азму иродаи мардуми вилоят ба илму маърифат ва китобхонист.
Сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон Зиёдулло Абдулзода низ баромад карда, ҳамагонро бо ин натиҷаи хуб табрик гуфта, ба ғолибон дар оянда барору муваффақиятҳои нав орзу намуданд.
​Бояд гуфт, ки Табассуми Ҷиёнхон, хонандаи синфи 10-и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3-и ноҳияи Муъминобод сазовори Шоҳҷоиза аз номинатсияи адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ ва Раҳимов Анушервон, донишҷӯйи курси 2-и Донишгоҳи давлатии Данғара сазовори Шоҳҷоиза аз номинатсияи адабиёти классикии тоҷик гардидаанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь