Аз аввали соли ҷорӣ то имрӯз дар кӯлу дарёҳои вилояти Хатлон 21 нафар ғарқ шуданд, ки яке аз омилҳои он кам ё набудани ҳавзҳои шиноварӣ дар вилоят аст.

Сардори бахши кор бо ҷомеаи Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиааи гражданӣ дар вилояти Хатлон Муроҷон Муҳидинов дар суҳбат ба “Фараж” гуфт, ки аз 21 нафари ғарқшуда дар ин давра  шаш нафарашон то шашсола,  аз 7-сола то 18-сола 10 нафар ва аз 18 то 45-сола 5 нафар мебошанд.

Омили асосии ғарқшавии сокинонро ин шахси масъул набудан ё кам будани ҳавзҳои шиноварӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят, бе масъулиятии баъзе аз волидон ва надонистаи қоидаҳои шиноварӣ арзёбӣ кард.

Иҷрокунандаи вазифаи сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон Аловиддин Амирзода иттилоъ дод, ки дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 37 ҳавзи шиноварӣ фаъолият доранд. Ӯ бо нигаронӣ гуфт, мутаассифона, дар ноҳияҳои Хуросон, Ҷайҳун, Панҷ, Дустӣ,  Носири Хусрав, Балҷувон, Темурмалик,  Шамсиддини Шоҳин ва Фархор ҳавзи шиноварӣ  нест.  Баҳри бунёди иншооти варзишӣ аз ҷониби Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон ба уновонии раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят мактбу ирсол карда шдудааст, илова кард мавсуф.

Муродҷон Муҳидинзода қайд кард, ки баҳри пешгирӣ аз ғарқшавии сокинон дар кӯлу дарёҳо аз ҷониби Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон дар якҷоягӣ бо дигар сохторҳо корҳои фаҳмонададиҳӣ пурзӯр карда шудаанд.

Ба иттилои ӯ, дар соли 2022, дар умум, дар вилояти Хатлон 45 нафар дар кулу дарёҳо ғарқ шуда буданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь