Дар вилояти Хатлон давоми 6 моҳи соли ҷорӣ дар кӯлу наҳрҳо бо омилҳои гуногун 52 нафар ғарқ шудаанд, ки ин нисбати ҳамин давраи соли гузашта 5 нафар зиёд аст. Дар ин бора Миралӣ Ҳалимзода, муовини сардори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилояти Хатлон, зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод.
Ӯ гуфт, аз 52 нафари ғарқшуда 45 нафари онҳо пайдо карда шуда, 7 нафари дигар дар ҷустуҷӯ қарор доранд. Қайд гардид, ки аз 52 нафари ғарқшуда, 9 нафар дар садамаҳои нақлиётӣ, 10 нафар аз беаҳмиятии падару модарон, 22 нафар ҳангоми риоя накардани қоидаи шиноварӣ, 4 нафарро модарашон ба об партофтааст, як нафар ҳангоми чорвочаронӣ, як нафар ҳангоми моҳигирӣ, як нафар ҳангоми чидани гиёҳи шифобахш, 2 нафар ҳангоми обнушӣ, ва 2 нафари дигар ҳангоми нӯшидани нӯшокиҳои спиртӣ ғарқ шудаанд.
Гуфта шуд, ки аз ҷониби дастаи зудамали ин раёсат як зан аз ноҳияи Хуросон, ки худро ба дарё партофта буд ва як ноболиғи дигар дар ноҳияи Кӯшониён зинда наҷот дода шуданд.