Дар мавсими даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аллакай 13 шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон аз иҷрои пурраи нақшаи сафарбаркунии ҷавон ба Артиш мужда доданд.
Бино ба иттилои Мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо дар рӯзи аввали даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳру ноҳияҳои – Фархор, Ховалинг, Балҷувон, Левакант, Бохтар, Кӯлоб, Вахш, Норак, Хуросон, Данғара, Муъминобод, Носири Хусрав ва Дӯстӣ аллакай 100 фоиз нақшаи даъвати ҳарбиро иҷро карданд.
Бахшида ба рӯзи даъватшаванда дар ин шаҳру ноҳияҳои чорабиниҳо баргузор гашта, ба бештари ҷавононе, ки ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пайвастанд, шаҳодатномаи ронандагӣ, кафшергари барқӣ тӯҳфа карда шуд.
Тибқи иттилоъи расида раисони ноҳияҳои Восеъ ва Ховалинг фарзандони худро дар рӯзи аввали даъвати тирамоҳии ба хизмати ватан модар гусел карданд.
Адои хизмат дар сафи Артиши миллӣ қарзи муқаддаси фарзандӣ ва мояи ифтихор маҳсуб мешавад. Ин мактаби ҷасорату матонат, дӯстиву ҳамбастагӣ ва худогоҳиву ватандӯстӣ буда, ҷавононро ба мардонагӣ ва масъулиятшиносӣ даъват мекунад.
Ёдовар мешавем, ки аз 1-уми октябр дар Тоҷикистон даъвати ҳарбии тирамоҳӣ оғоз меёбад, ки он то охири моҳи ноябр давом мекунад.

Хатлон: Аз 25 шаҳру ноҳияҳо 13-тоаш нақшаи даъвати ҳарбиро иҷро карданд
Блоки рекламавӣ


