8 сентябр, дар варзишгоҳи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, сокинон, собиқадорон ва меҳмонон аз ҷумҳуриҳои ҳамсоя ба ифтихори ҷашни 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии бошукӯҳи фарҳангӣ баргузор гардид.
Зимни суханронӣ дар ин ҳамоиши бузурги мардумӣ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид сокинони вилоят ва кулли мардуми шарифи Тоҷикистонро бо камоли ифтихору хушҳолӣ ба муносибати 34-умин солгарди истиқлолу озодии Ватани маҳбубамон самимона табрик намуданд.
Зикр гардид, ки вилояти Хатлон ҳамчун минтақаи калонтарини кишвар ва бо аҳолии зиёда аз 4 миллион нафар дар дастовардҳои замони Истиқлол саҳми назаррас дорад. Хатлон имрӯз тақрибан 60 фоизи ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзии ҷумҳуриро таъмин мекунад. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки вилоят воқеан ба «дил ва муҳаррики иқтисоди аграрии Тоҷикистон» табдил ёфтааст.
Дар доираи нақшаи чорабиниҳои таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон то имрӯз дар вилоят аз 6260 адади иншооти ҷашнии ба нақша гирифташуда 5641 иншоот мавриди истифода қарор дода шудааст, ки 90 фоизи нақшаи чорабиниҳои пешбинигардидаро ташкил медиҳад. Дар ин замина соли ҷорӣ дар миқёси вилоят 1573 иншооти таъиноти гуногун сохта мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуда, иҷроиши нақшаи бунёди иншоотҳо ба 136% баробар гардид.

Хатлон: Ҷашни 34-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар
Блоки рекламавӣ


