Дар минтақаи Бохтари вилояти Хатлон як шаҳру шаш ноҳия барои таъмири роҳҳои аҳамияти маҳалидошташон дар се моҳи соли 2021 маблағ ҷудо накарданд, ки ин  боиси иҷро нагардидани Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 639 гардидааст.

Сармуҳандиси Муассисаи давлатии “Идораи хоҷагии  роҳҳои автомобилгард”-и минтақаи Бохтар Музаффар Холиқов гуфт, ки тибқи қарори мазкур бояд мақомоти маҳал барои таъмири роҳҳои маҳалиаашон маблағ ҷудо кунанд.

– Аммо, мутаассифона, дар се моҳи соли ҷорӣ аз буҷетҳои маҳалии  шаҳри Левакант, ноҳияҳои Абдураҳмони Ҷомӣ, Носири Хусрав, Шаҳритус, Қабодиён, Вахш ва ноҳияи Панҷ  барои таъмири роҳҳо маблағ ҷудо карда нашудаст, ки ин ҳолат боиси иҷро нашудани қарори Ҳукумати кишвар гардидааст, – илова кард ӯ.

Манбаъ афзуд, ки аз буҷетҳои мақомоти маҳалии ноҳияҳои Кӯшониён, Ҷалолиддини Балхӣ, Ҷайҳун, Ёвон, Дӯстӣ ва Хуросон 479 ҳазору 300 сомонӣ ҷудо карда шудаст. Ноҳияи Дӯстӣ 7 ҳазору 960 сомонӣ ва ноҳияи Хуросон 8 ҳазору 460 сомонӣ ҷудо карданд, ки ба гуфти ин Холиқов ин хеле кам аст.

Зикр карда шуд, ки ҳоло аксар роҳҳои маҳаллӣ дар ин минтақа ба таъмири асосӣ  ниёз доранд.

– Мақомоти маҳаллиро зурур аст, ки дар иҷрои қарори мазкур саҳлангори накунанд, – хулоса кард М.Холиқов.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь