Бо мақсади пешгирии ходисаҳои роҳу наклиётӣ аз санаи 27 уми ноябр то 17 уми декабри соли ҷорӣ дар ҳудуди вилояти Хатлон амалиёти бо ном “Скутер Волесипедрон” гузаронида шуда истодааст.
Аз ниҳодҳои мазкур гуфтанд, ки мутаасифона соли 2025 вазъи содиршавии садамаҳои роҳу наклиёт маҳз бо иштироки ронандагони воситаҳои нақлиётӣ дучарха скутер, моторолер мотосикл, волосипед ва амсоли инҳо нигаронкунанда боқӣ мемонад.
Ҳамин аст, ки маҳз дар давоми 11 моҳи соли равон 110 ҳодисаи роҳу нақлиёт бо нақлиётӣ скутер, иштиоки ронандагони моторлер, мототсикл, велосипед ва амсоли инҳо ба кайд гирифта шуд.
Бар асари садамаҳо 36 нафар ронандаи скутер ва велосипедронон ба ҳалокат расида 96 нафари дигар бо бардоштани ҷарроҳатҳои ҷисмонӣ дар беморхонахо бистарӣ гардидаанд.
Ҳайати шахси дар заминаи талаботи баргузории амлиёти мазкур ҳаракати воситаҳои нақлиётӣ скутер, моторроллер, момтосикл ва волеосипедронро зери назорат қарор дода, мушоҳида намуданд, ки мутаасифона бархе аз ронандагон ба оддитарин коидаҳои бехатарӣ чандон эътибор надода ҷони худу атрофиёнро зери хатар мегузоранд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь