Раиси вилояти Хатлон ба ноҳияи Ҷайҳун ва Балхӣ сафари кори анҷом дода, барои иҷрои саривақтии нақшаи пахта пахтакорони ин ноҳияҳоро қадрдонӣ кард.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, ба ноҳияи Ҷайҳун сафари кори анҷом дода, пахтакорони ноҳияро, ки нақшаи ҷамъовариро 100 дарсад иҷро кардаанд, қадрдонӣ намуд.
Бояд зикр намуд, ки пахтакорони ноҳияи Ҷайҳун нақшаи ҷамъоварии пахтаро 100 фоиз иҷро намуда, то имрӯз 16 ҳазору 200 тонна “тиллои сафед” ҷамъоварӣ кардаанд.
Ҳамзамон раиси вилояти Хатлон ба ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ сафари корӣ анҷом дода, дар маросими қадрдонии пахтакорони ноҳия, ки нақшаи ҷамъоварии пахтаро иҷро карданд, иштирок намуд.
Пахтакорони ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дурнамои ҷамъоварии пахтаро 100 фоиз иҷро намуда, то имрӯз 20 ҳазору 674 тонна “тиллои сафед” ҷамъ овардаанд.
Бояд гуфт, ки то ин дам нақшаи ҷамъоварии пахтаро шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Левакант, Вахш, Дӯстӣ, Данғара, Ёвон, Хуросон, Ҷайҳун ва Балхӣ аз иҷрои нақшаи ҷамъоварии пахта мужда доданд.
Нақша дар вилояти Хатлон 254 ҳазору 300 тонна аст ва 17 октябр беш аз 220 ҳазору 418 тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст, ки 87 дарсади нақшаро ташкил менамояд.

Хатлон: Ҷайҳун ва Балхӣ нақшаи пахтачиниро иҷро карданд
Блоки рекламавӣ


