Дар вилояти Хатлон 1401 муассисаи таълимӣ мебошанд, ки ба ҳолати 25-уми августи соли ҷорӣ 98 дарсад ба соли нави хониш омода шуда, рӯзҳои наздик омодагӣ пурра ба охир мерасад. Имсол ба ин муассисаҳо бори нахуст 97 ҳазор кӯдак ба синфи якум меравад.
Сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон Зиёдулло Абдулзода, иттилоъ доданд, ки муассисаҳои соҳаи маориф бо маблағгузории буҷети маҳаллӣ, дастгирии соҳибкорон ва шахсони саховатманд 98 дарсад таъмир гашта, чанде аз муассисаҳоро рангу бори берунаашон мондааст, ки имрӯз то пагоҳ ба охир мерасад ва 100 дарсад ба соли нави хониши 2025-2026 омода мешаванд.
Қайд гардид, ки имсол тибқи нақша дар вилоят 139 иншоот дар соҳаи маориф ба истифода дода мешавад, ки то имрӯз 24 ададаш мавриди истифода қарор дода шудааст.
Раҳмоналӣ Додархӯҷаев,
Хатлон

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь