Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон занони аз 100 сола боло 90 нафар ҳастанд, ки кӯҳансолтарини онҳо 122 сола буда, дар ноҳияи Ховалинг зиндагӣ дорад. Ин модаронро дар арафаи Рӯзи модарон аз ҷониби Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳо аёдат карда истодаанд.
Қобилҷон Файзализода, сардори Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи вилояти Хатлон ба “Фараҳ” гуфт, ки аз 90 нафар занони аз 100 сола боло, 60 нафарашон дар минтақаи Бохтар ва 30 нафари дигар дар минтақаи Кӯлоб умр ба сар мебаранд.
-Занони аз ҳама калонсолтанини вилояти Хатлон дар ноҳияҳои Ховалинг 122 нафар, Данғара 118 сола, Ҷомӣ, 114 сола, Кӯшониён 114 сола, Вахш 111 сола, Дӯстӣ 109 сола ва боқӣ аз 101 то 106 сола мебошанд” – илова кард ӯ.
Иттилоъ дода шуд, ки нафақаи миёнаи моҳонаи онҳо аз 550 то 900 сомониро ташкил медиҳад.

Хатлон 90 зани аз 100-сола боло дорад
Блоки рекламавӣ


