Дар ҳудуди вилояти Хатлон айни замон 315 мавзеи хавфнок ба қайд гирифта шудааст, ки ин нисбати 10 сол пеш 86 адад кам мебошад.

Муовини сардори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиааи граждании вилояти Хатлон Миралӣ Ҳалимзода гуфт, ки дар 315 мавзеи хавфнок    23 ҳазору 590 хоҷагӣ  бо шумораи 156 504 аҳолӣ фаъолият ва зиндагӣ мекунанд.

– Аз ин 123 мавзеи хавфнок, дар минтақаи Бохтар, ки дар онҳо 8430 хоҷагӣ бо шумораи 55 ҳазору 557 нафар зиндаги мекунанд ба қайд гирифта шудааст.  Дар минтақаи Кӯлоб бошад 192 мавзеи хавфнок, ки дар ин мавзеъҳо 15 160 хоҷагӣ бо шумораи 100 947 нафар зиндагӣ доранд, – илова кард ӯ ва афзуд, ки ба ин мавзеъҳо асосан таҳдиди офатҳои табиии сел, ярҷ, лағжиш, обхезӣ, эрозияшавии замин ва баландшавии оби рӯдхонаҳо ба қайд гирифта шудааст.

Номбурда итттилоъ дод, ки соли 2015 дар вилояти Хатлон 401 мавзеи хавфнок ба қайд гирифта шуда буд, ки дар натиҷаи корбарии дурусти ҳукумати вилояти Хатлон дар ҳамкорӣ бо мақомотҳои маҳалии шаҳру ноҳияҳо заҳбуру заҳкашҳо, маҷрои селроҳаҳо тоза карда шуда,  кӯчонидани муҳоҷирони экологӣ аз минтақаҳои хавфнок ба роҳ монда шуда,  86 минтақаи хавфнок дар давоми даҳ сол дар вилоят кам карда шудааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь