Дар мавсими дарахтшинонии имсола дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 600 ҳазор дарахтони гуногун шинонида мешавад, ки нисбати соли гузашта 10 ҳазор дарахт зиёд аст.
Собирзода Қурбоналӣ сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон ба “Фараҳ” иттилоъ дод, ки дар доираи татбиқи «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» дар вилояти Хатлон маъракаи дарахтшинонӣ барои солҳои 2025-2026 бо иштироки раиси вилояти Хатлон ва роҳбарияти Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Хуросон оғоз гардид.
Гуфта шуд, ки ҳамзамон чанде пеш раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид аз ҷараёни татбиқи тадбирҳои кабудизоркунӣ, беҳдошти замин ва обёрии заминҳои киштшавандаи ноҳияҳои Ҷалолиддини Балхӣ, Вахш ва Кӯшониён боздиди корӣ ба амал оварда буд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь