Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 55 сароянда дар назди идораи андоз 267 ҳазор сомонӣ қарздоранд. Дар ин бора сардори Раёсати андози вилояти Хатлон Ҷӯрабеки Ҷумазода зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод.
Ӯ афзуд, ки дар вилояти Хатлон 292 сароянда ба қайд гирифта шуда, аз онҳо дар 6 моҳи соли ҷорӣ 292 ҳазор сомонӣ маблағи андоз ҳисоб шуда, дар асл 216 ҳазор сомонӣ андоз пардохт шудааст. “Аз шумораи 292 сароянда 55 нафараш дар назди буҷет ба маблағи 267 ҳазор сомонӣ қарздор мебошанд. Бештари қарзи андоз аз ҳисоби сарояндагон дар ноҳияи Қубодиён 28,8 ҳазор сомонӣ мебошад”, – афзуд номбурда.
Гуфта шуд, ки дар вилояти Хатлон ҳоло 21 нафар ба фаъолияти блогерӣ машғуланд. Блогерон дар 6 моҳи соли ҷорӣ 1 миллиону 200 ҳазор сомонӣ даромад гирифта, аз онҳо 253 ҳазор сомонӣ андоз ҳисоб карда шудааст, ки 261 ҳазор сомонӣ ба буҷет андоз пардохт кардаанд.