11 март, ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик дар Кохи фарҳанги шаҳри Бохтар ҷамъомади тантанавӣ бо иштироки беш аз 150 нафар собиқадори матбуот ва журналистони фаъоли вилояти Хатлон баргузор гардид.
Нахуст, муовини раиси вилояти Хатлон Раҳмонзода Абдулло бо ҳамроҳонаш аз намоиши матбуоти даврии вилоят дидан карда, бо сармуҳаррирони рӯзномаю маҷаллаҳои маҳаллӣ доир ба вазъу ҳолати нашрия, таъминоти техникӣ ва кадрӣ, шароити кории онҳо дар алоҳидагӣ суҳбат кард.
Пасон, дар толори Маркази иттилоотии Кохи фарҳанг муовини раиси вилоят паёми табрикии раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саидро ба намояндагони воситаҳои ахбори омма ва собиқадорони матбуот расониданд.Ҳамасола озмуни ҷоизаҳои вилоятии ба номи «Носири Хусрав», Шамсиддин Шоҳин» ва “Соҳиб Табаров” миёни адибони вилоят натиҷагирӣ карда мешавад.
Китоби “Фарёди сукут”-и Сипеҳри Ҳасанзод дар самти насри бадеӣ ғолиби Ҷоизаи адабии ба номи “Носири Хусрав”, маҷмуаи шеърҳои шоири шинохта, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Сулаймон Султон бо номи “Ҳамболи орзу” ғолиби Ҷоизаи “Шамсиддин Шоҳин” дар самти назм ва китоби Мирзо Одина бо номи “Шарҳи сад ғазали Бедил” ба Ҷоизаи адабии “Соҳиб Табаров” сазовор дониста шуда, ҳар кадом бо маблағи 5000 сомонӣ мукофотонида шуданд.
Пасон, маросими тақдими Ҷоизаи раиси вилояти Хатлон “Неруи сухан” дар соли 2025 барои беҳтарин маводи журналистӣ барпо гардид. Дар маҷмуъ, барои ҷоизаҳои раиси вилоят ба ғолибон дар ҳаҷми 53 000 сомонӣ супориданд.

Хатлон: 53 ҳазор сомонӣ ба журналистон!
Блоки рекламавӣ


