Дар 5 моҳу 15 рӯзи соли 2025 дар вилояти Хатлон 49 кас ғарқ шуданд, ин аст, ки баҳри пешгирӣ аз ғарқшавӣ аз ҷониби кормандони милитсия амалиёти “Наҷот” оғоз гардида, онҳо ба соҳили рӯду дарёҳо сафарбар гардиданд.
Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон иттилоъ додааст, ки тибқи таҳлилҳо давоми 5 моҳу 15 рӯзи соли 2025 дар ҳудуди вилояти Хатлон 48 ҳолати ғарқшавӣ ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари он 49 нафар ба ҳалокат расидаанд. Аз инҳо:
– аз 1 то 3 сола 19 кас;
– аз 4 то 6 сола 4 кас;
– аз 7 то 14 сола 11 кас;
– аз 15 то 18 сола 6 кас;
– ҷавонон 5 кас;
– калонсолон 4 кас.
Бо мақсади пешгирӣ аз талафоти ҷонӣ ва ҳодисаҳои ғарқшавӣ дар ҳудуди вилояти Хатлон амалиёти рамзӣ бо номи “Наҷот” оғоз гардид. Дар доираи амалиёти “Наҷот” кормандони милитсия, аз ҷумла масъулини хадамоти огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғону ҷавонони мақомоти милитсияи вилояти Хатлон ба соҳили каналу дарёҳо ва кӯлу ҳавзҳо, махсусан минтақаҳои барои оббозӣ мамнӯъ ва хатарнок сафарбар карда шуда, маҷмӯи чорабиниҳои мақсадноки профилактикӣ баргузор мекунанд.



