Дар шаш моҳи соли ҷорӣ дар натичаи гузаронидани амалиёти назоратӣ аз тарафи кормандони масъули Раёсати хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон ва шуъбаю бахшҳои он 42 ҳолати ҳуқуквайронкунии маъмурӣ ошкор гардида, нисбати 42 шаҳрванди хоричӣ бо моддаи 138, қисми 3 парвандаи ҳуқуквайронкунии маъмурӣ оғоз карда шуд, гуфт Азизода Баҳодур, роҳбари ниҳоди мазкур дар нишасти хабарӣ.
Ба иттилои ӯ, аз ҳисоби тартиб додани санадҳои маъмурӣ 59320 сомонӣ ба буҷаи давлат ворид карда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 49720 сомонӣ, ё 37 парвандаи ҳуқуквайронкунии маъмурӣ зиёд мебошад.
– Дар ҳудуди вилояти Хатлон 35 субъекти хоҷагидории дорои иҷозатномаи ҷалби қувваи кории хоричӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки дар онҳо 633 шаҳрванди хориҷӣ фаъолият мекунанд, – афзуд номбурда.
Ӯ илова кард, ки дар ин ширкатҳо 5700 шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла 233 муҳоҷири меҳнатие, ки вурудашон ба дигар кишвар мамнуъ мебошад, бо кор таъмин гардидаанд.
Азизода Баҳодур, гуфт, дар мачмуъ дар ин даври ба 81 шаҳрванди хориҷие, ки дар ҳудуди вилоят кору фаъолият мекунанд, иҷозатнома барои кор аз тарафи Раёсат дода шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 50 кас зиёд мебошад.



