Дар натиҷаи гузаронидани амалиёти назоратӣ аз тарафи кормандони Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон давоми 6 моҳи соли ҷорӣ 40 ҳолати ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ аз ҷониби хориҷиҳо ошкор карда шудааст. Дар ин бора сардори ниҳоди мазкур Хайридинзода Исфандиёр зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод.

Ба гуфти ӯ нисбати 40 хориҷӣ бо моддаи 138, қисми 3 ва нисбати 1 шаҳванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо моддат 138, қисми 2 парвандаи маъмурӣ оғоз карда шудааст. Аз ҳисоби тартиб додани санадҳои маъмурӣ 63 ҳазору 750 сомонӣ ба буҷет ворид карда шудааст.

Иттилоъ дода шуд, ки дар ҳудуди вилояти Хатлон 38 субъекти хочагидории дорои иҷозатномаи ҷалби қувваи кории хориҷӣ ба қайд гирифта шудаст, ки дар онҳо 756 хориҷӣ фаъолият мекунанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь