Дар 6 моҳи соли ҷорӣ дар вилояти Хатлон 4 ҳазор литр хун ҷамъоварӣ карда шудааст, ки ин дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 13,7 дарсад зиёд аст.
Директори филиали муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии илмии хун” дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон Ҷурахон Саидов ба “Фараж” гуфт, аз ҷониби кормандони ин марказ дар 6 моҳи соли ҷорӣ зиёда аз 3 ҳазору 200 литр хун ҷамъоварӣ карда шудааст.
– Ин ҳама хун аз 7 ҳазору 651 нафаре, ки ба мо муроҷиат карда буданд, ҷамъоварӣ карда шудааст, – илова кард ӯ.
Манбаъ қайд кард, ки ба филали Бохтар ва шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон дар ин давра 9 ҳазору 782 нафар барои додани хун муроҷиат кардаанд, ки аз онҳо 4 ҳазор литр хун ҷамъоварӣ карда шудааст. Ин рақам дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 13,7 дарсад зиёд аст.