Дар ихтиёри Раёсати сохтмони асосии вилояти Хатлон 28 иншооте мавҷуданд, ки солҳои зиёд ба далели маблағузорӣ нашудан нотамом боқӣ мондаанд.

Саъдулозода Абдулвоҳид, сардори раёсати мазкур, дар нишасти хабарӣ  гуфт, иншооти мазкур дар соҳаҳаи моариф, тандурустӣ ва мақомоти маҳаллӣ мебошанд.  Сабаби солҳои зиёд нотамом боқӣ мондани иншоот саривақт маблағузорӣ нашудан будааст.

Ба иттилои ӯ, иншооти нотамом дар шаҳри Леваканд, Кӯшониён,  Чайҳун ва дигар шаҳру ноҳияҳои вилоят низ ҷой доранд

Номбурда илова кард, имсол аз ҳисоби бууҷети вилоят 10,4 миллион сомонӣ барои идомаи сохтмонҳои дар ихтиёри Раёсати сохтмони асосии вилоятбуда   пешбинӣ шудааст, ки аз ин маблағ 4 миллиону 400 ҳазор сомонӣ ба соҳаи маориф, 3,1 миллион сомонӣ ба сектори ҳокимияти давлатӣ  ва боқимонда ба соҳаи тандурустӣ равона мешавад.

Айни замон дар 9 иншооти дар ихтиёри раёсатбуда корҳои сохтмони бо маром идома доранд, ки ҳамаи онҳо то ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатии кишвар ба истифода дода мешаванд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь