Дар чор моҳи соли ҷорӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 2 ҳазору 147 ҳолати қонуншикании истифодаи замин дар майдони 914,96 га ошкор карда шудаст, ки ин омор нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд мебошад.
Раиси Кумитаи идораи замини вилояти Хатлон Пирзода Диловаршоҳ ба “Фараж” гуфт, ки аз майдони умумии заминҳои ошкоршуда 771,35 гектараш заминҳои корами обӣ, 3,5 га лалмӣ, 12,83 га чарогоҳ, 132,36 га дигар заминҳо мебошанд.
Ба иттилои ӯ дар ин давра 1451 санади маъмурӣ тартиб дода шуда, нисбати афроди қонуншикан 765 ҳазору 122 сомонӣ ҷарима баста шуда, аз он 608 ҳазору 346 сомониаш ба буҷаи давлат ворид карда шудаст.
Номбурда илова кард, ки 132 парвандаи маъмурӣ ба прокуратура ва 126 парвандаи дигар ба суд барои баррасӣ фиристода шудаанд.
Бояд гуфт, ки Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, рӯзи 27 апрели соли ҷорӣ зимни мулоқот бо фаъолони вилояти Хатлон дар ноҳияи Данғара қайд кард, ки тайи як солу се моҳи охир 7392 қонунвайронкунӣ ошкор гардида, 3977 нафар ба ҷавобгарии моддӣ, интизомӣ ва маъмурӣ кашида шудаанд.
Барои ғайриқонунӣ додани замин, худсарона ишғол кардани қитъаи замин ва дигар ҷиноятҳо, аз ҷумла ҷиноятҳои мансабӣ ва ҷиноятҳои дорои хислати коррупсионии ба замин алоқаманд 603 парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст.
Бо санадҳои эътиноии прокурорӣ 7816 гектар қитъаҳои замини худсарона ишғолшуда ва ғайриқонунӣ тақсимгардида ба ҳолати аввала баргардонида шудаанд.



