Дар вилояти Хатлон соли гузашта аз ҷониби Кумитаи бехатарии озуқаворӣ дар вилояти Хатлон ба 2 ҳазору 56 саг “шиноснома” – и дохилӣ дода шудаст, ки ин нисбати соли гузашта 110 адад зиёд аст. Нархи як “шиноснома” барои сагҳо 6 сомониву 6 дирамро ташкил медиҳад.
Дар ин бора роҳбари ниҳоди мазкур Давлатшозода Бобошо имрӯз дар нишасти хабарии ниҳодашон иттилоъ дод.
Ӯ гуфт, ки дар ин давра 3555 нафар аз сагҳо осеб дида, 3 ҳолати фавт дар ноҳияҳои Носири Хусрав, Кӯшониён ва Вахш ба қайд гирифта шудааст.
Иттилоъ дода шуд, ки дар ин сол аз ҷониби ниҳодҳои дахлдор 1847 сагҳои газандаро безарар гардониданд.
Блоки рекламавӣ



