Дар шаш моҳи соли ҷорӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 202 садамаи роҳу нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст, ки дар пайи ин садамаҳо 131 нафар ҷон бохта, 212 нафари дигар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд. Дар ин бора аз Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон иттилоъ додаанд.

Ба гуфти манбаъ далели рух додани садамаҳои нақлиётӣ бо суръати баланд рондани воситаҳои нақлиёт, ба самти муқобил баромаданду қоидаро бо сабқат вайрон кардан, бе ҳуҷҷати ронадагӣ идора кардани воситаи нақлиёт ва дигар омилҳо мебошад.

Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон аз ҳама ронандагон даъват мекунад, ки ҳангоми идораи воситаи нақлиёт эҳтиёткор бошанду оидатарин қоидаҳои роҳу нақлиётро риоя карда, ҷону худу дигаронро дар хатар нагузоранд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь