Бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 августи соли 2025, № АП-862 «Дар бораи озмуни ҷумҳуриявии “Шоҳномахонӣ”» ва дар асоси Қарори Раиси вилояти Хатлон аз 23 декабри соли 2025, №286, дар қаламрави вилояти Хатлон даври сеюми озмуни ҷумҳуриявии “Шоҳномахонӣ” баргузор мегардад.
Ҳадафи озмун тарғиби мероси бузурги адабии халқи тоҷик, эҳёи худшиносии миллӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифат ва рушди завқи адабии ҷомеа, бахусус ҷавонон мебошад.
Озмун аз рӯи шаш гурӯҳ ва як номинатсия доир гардида, ба ғолибон мукофотҳои пулӣ ба таври зерин супорида мешаванд:
– миёни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфҳои 1–4):
– ҷойи 1 – 6000 сомонӣ (1 нафар);
– ҷойи 2 – 3600 сомонӣ (2 нафар);
– ҷойи 3 – 2400 сомонӣ (3 нафар).
– миёни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфҳои 5–8):
– ҷойи 1 – 6000 сомонӣ (1 нафар);
– ҷойи 2 – 3600 сомонӣ (2 нафар);
– ҷойи 3 – 2400 сомонӣ (3 нафар).
– миёни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфҳои 9–11):
– ҷойи 1 – 6000 сомонӣ (1 нафар);
– ҷойи 2 – 3600 сомонӣ (2 нафар);
– ҷойи 3 – 2400 сомонӣ (3 нафар).
– донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи махсус ва олии касбӣ (бакалавр, магистр):
– ҷойи 1 – 6000 сомонӣ (1 нафар);
– ҷойи 2 – 3600 сомонӣ (2 нафар);
– ҷойи 3 – 2400 сомонӣ (3 нафар).
– намояндагони тамоми зинаҳои таҳсилот, ходимони илмию адабии муассисаҳои илмиву адабӣ, фарҳангу санъат, аспирантҳо, унвонҷуён, номзадҳои илм ва докторантони муассисаҳои олии касбӣ:
– ҷойи 1 – 6000 сомонӣ (1 нафар);
– ҷойи 2 – 3600 сомонӣ (2 нафар);
– ҷойи 3 – 2400 сомонӣ (3 нафар).
– калонсолон ва намояндагони касбу корҳои гуногун:
– ҷойи 1 – 6000 сомонӣ (1 нафар);
– ҷойи 2 – 3600 сомонӣ (2 нафар);
– ҷойи 3 – 2400 сомонӣ (3 нафар).
Ҳамчунин, омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ки шогирдонашон дар озмун ҷойҳои якум, дуюм ва сеюмро ишғол менамоянд, бо маблағи 2400 сомонӣ қадрдонӣ мегарданд.

Хатлон: 200 ҳазор сомонӣ барои озмуни “Шоҳномахонӣ”
Блоки рекламавӣ


