Варзишгарони вилояти Хатлон дар шаш моҳи соли ҷорӣ аз чемпионат ва мусобиқаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ 1 ҳазору 436 нишон ба даст оварданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024-ум 118 нишон зиёд мебошад.

Сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзишӣ вилояти Хатлон Рамазон Насридинзода ба “Фараж” иттилоъ дод, варзишгарони вилоят дар ин давра дар беш аз 60 чемпионат ва мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ширкат варзида, сазовори 380  нишони тило, 426  нишони нуқра, 522  нишони бириҷӣ дар умум соҳиби  1 ҳазору 328 нишон гардиданд. Ӯ гуфт, ки инчунин варзишгарони вилоят дар 19 мусобиқаҳои байналмилалӣ ширкат варзида, 44  нишони тило, 30  нишони нуқра ва 34  нишони биринҷӣ ба даст оварданд.

– Дар умум варзишгарони вилоят 424  нишони тило, 456  нишони нуқра, 556  нишони биринҷӣ ва ҷамъ 1 ҳазору 436 нишон ба даст оварданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024-ум 118  нишон зиёд мебошад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь