Давоми 10 моҳи соли ҷорӣ аз ҷониби Раёсати Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Хатлон 131 корфармоён ба маблағи 197355 сомонӣ ҷарима карда шуданд.
Ҳамза Бобозода, сардори Раёсати Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Хатлон иттилоъ дод, ки давоми 10 моҳи соли ҷорӣ аз ҷониби кормандонашон дар 468 субъектҳои хоҷагидории вилоят санҷиш гузаронида шуд. Аз ҷумла 414 санҷиши нақшавӣ, 54 санҷиши ғайринақшавӣ мебошад, ки дар рафти ин санҷишҳо 2171 адад қонунвайронкуниҳо ошкор гардида, аз ин 1975 ҳолат ба масъалаҳои меҳнат, бехатарии меҳнат ва риояи стандартҳо, 138 ҳолат дар самти экспертизаи шарти меҳнат, 54 ҳолат дар самти шӯгли аҳолӣ ва 4 ҳолат ба самти муҳоҷират иборат мебошад – илова кард ӯ.
Ба иттилоъи манбаъ, ҷиҳати истеҳсоли қонунвайронкуниҳои ошкоргардида аз тарафи сардори Раёсат 423 амрномаҳо дода шуда, ҳамчунин нисбати 131 нафар корфармоён дар ҳаҷмӣ 197355 ҳазор сомонӣ ҷарима таъин карда шудааст.
Ӯ афзуд, ки дар ин давра бо дахолати Раёсати Хадамот 6 млн 86 ҳазору 383 сомонӣ ба буҷети давлатӣ ва шаҳрвандон пардохт карда шуд.
Номбурда қайд кард, ки дар ин давра 23 ҳодисаи нохуш дар истеҳсолот рух додааст, ки дар пайи он 13 нафар ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта 10 нафар фавтидааст.
Дар натиҷаи хулосаи кормандон ба маблағи 1 млн 39 ҳазору 87 сомонӣ ҷубронпулии яквақта ва 5400 сомонӣ кӯмакпулии моҳона таъин карда шудааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь