Дар шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон дар шаш моҳи соли ҷорӣ 136 ҳодисаи сӯхтор ба қайд гирифта шудаист, ки маблағи умумии зарар 1 миллион 441 ҳазору 933 сомониро ташкил дода, дар натиҷа 4 нафар фавтидаанд. Дар ин бора имрӯз дар нишасти хабарии Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилояти Хатлон иттилоъ доданд.
Дар нишаст ҳамзамон гуфта шуд, ки дар ин давра ҳолатҳои фавқулоддаи дорои хусусияти техногенидошта 321 ҳодиса ба қайд гифта шудааст, ки маблағи зарар 1 миллион 441 ҳазору 933 сомониро ташкил дода, дар натича 115 нафар ба калокат расида, 198 нафар ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд.
Иттилоъ дода шуд, давоми 6 моҳи соли ҷорӣ 115 садамаҳои нақлиётӣ рӯх дода, дар натиҷа 115 нафар ба ҳалокат расида, 198 нафар ҷароҳат бардоштанд.
Блоки рекламавӣ