Аз ҷониби кормандони Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо корррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Бохтар давоми 6 моҳи соли ҷорӣ зимни тафтишу санҷишҳои дар корхонаҳо беш аз 12 миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор карда шудааст. Дар ин бора сардори ниҳоди мазкур Авазода Шараф дар нишасти хабарӣ иттилоъ дод.

Гуфта шуд, ки дар шаш моҳи соли ҷорӣ дар натиҷаи тафтишу санҷишҳои мутахассисони шӯъбаи назорати давлатии молияви раёсат дар 77 ташкилоту муассисаҳо ва корхонаҳои вилояти Хатлон тафтишу санҷишҳои молиявӣ гузаронида шудааст. Дар натиҷаи ин санишҳо зиёда аз 12 миллиону 166 ҳазор сомонӣ зарари молиявӣ ошкор шуда, аз ин ҳисоб дар натиҷаи чораҳои андешида ба андозаи беш 12 млн 43 ҳазор сомонӣ ё 99 дарсади он барқарор карда шудааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь