Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Сертификат ба маблағи даҳ миллиону панҷсад ҳазор сомонӣ тақдим намуд. Дар ин бора аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон иттилоъ доданд.
Гуфта шуд, маблағи мазкур махсус барои беҳтар намудани шароити таълим равона гардида, бо он муассисаҳои таълимӣ бо кабинетҳои лингофонӣ, таҷҳизоти томактабӣ ва инчунин кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муосири таълимӣ таъмин карда мешаванд.
Ин иқдом дар доираи чанд барномаи давлатӣ амалӣ мегардад, ки мақсадашон баланд бардоштани сатҳи таҳсил ва мутобиқ гардонидани он ба меъёрҳои байналмилалӣ мебошад. Аз ҷумла, барномаи такмили омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ то соли 2030, рушди таҳсилоти томактабӣ барои солҳои 2020–2025 ва таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои таълимӣ барои солҳои 2020–2027 ба ин раванд мусоидат мекунанд.
Маориф дар сиёсати давлат ҳамеша ҷойи хосса дорад. Бо дастгирии Ҳукумат омӯзгорон ва мураббиён имкон пайдо мекунанд, ки бо шароити беҳтару имкониятҳои нав ба таълиму тарбияи насли бомаърифат машғул шаванд.

Хатлон: 10,5 миллион сомонӣ барои маорифи вилоят
Блоки рекламавӣ