Аз маводи вазорати адлияи Амрико дар парвандаи Эпштейн маълум мешавад, ки хати вафоти вай аз ҷониби Прокурори ИМА рӯзи нуҳуми августи соли 2019 ба қайд гирифта шудааст. Вале тибқи ҳуҷҷатҳои расмӣ, кормандони зиндон ҷасади айбдоршавандаро 10 август пайдо карданд.
Дар хати вафоти вай бо имзои Прокурори Манхэттен Ҷеффри Берман, ки дар байни “файлҳои Эпштейн” пайдо шуд, чунин навишта шудааст:
“Субҳи имрӯз, Маркази ислоҳии Манхеттен тасдиқ кард, ки Ҷеффри Эпштейн, айбдор дар тиҷорати ҷинсии ноболиғон, дар камераи худ беҳуш ефт шуд ва дере нагузашта мурда эълон шуд.”
Мурдаи Эпштейнро субҳи 10 августи соли 2019 дар камерааш пайдо карданд. Сабаби расмии марг “худкушӣ2 эълон шуд. Вай барои зӯроварии ҷинсии ноболиғон ва истисмори ҷинсии кӯдакон гунаҳгор дониста мешуд.
Тибқи маълумоти нави нашршудаи AP, ФБР ҳеҷ далеле пайдо накард, ки Эпштейн шабакаи одамфурӯширо идора мекард.

Хати вафоти Эпштейн як рӯз пеш аз пайдо шудани ҷасадаш навишта шуда буд
Блоки рекламавӣ


