Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Руссия ҳамкориро дар соҳаи нақлиёт тақвият медиҳанд. Далели ин ба имзо расидани санади нави ҳамкорӣ байни ду давлат -Харитаи роҳ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт барои солҳои 2025-2030 аст.
Ин санад дар доираи сафари давлатии Президенти Федератсияи Руссия Владимир Путин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон байни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати нақлиёти Федератсияи Руссия ба имзо расид. Ба санад аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ва аз ҷониби Федератсияи Руссия Вазири нақлиёти Федератсияи Руссия Андрей Никитин имзо шуд.
Ҳадафи ин санад таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт буда, ҷонибҳо дар асоси «Харитаи роҳ» ҳамкориро дар соҳаи нақлиёти роҳи оҳан дар самти интиқоли ҳарчи бештари мусофирон ва боркашонӣ, нақлиёти автомобилӣ, истифодаи технологияҳои рақамӣ дар соҳаи нақлиёт ва ифтитоҳи хатсайрҳои алтернативӣ идома хоҳанд дод.
Ёдовар мешавем, ки дар доираи сафари давлатии Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷмуъ 16 санади нави ҳамкории байнидавлатию байниҳукуматӣ ва байни сохторҳои гуногуни Тоҷикистону Руссия имзо ва табодул гардиданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь