Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бо Вазири тандурустии Федератсияи Руссия Михаил Мурашко ва намояндагони Хадамоти федералии ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва беҳдошти инсон (Роспотребнадзор)-и Федератсияи Руссия мулоқот намуд, ки зимни он Харитаи роҳ барои солҳои 2026-2027 имзо шуд.
Ҷамолиддин Абдуллозода ба ҳайати Вазорати тандурустии Федератсияи Руссия барои иштироки фаъолона дар ҷаласаи 38-уми Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустии давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки 2-3 октябр дар шаҳри Душанбе доир шуд, изҳори сипос кард.
Соли 2023 байни Тоҷикистону Руссия Созишномаи байниҳукуматӣ дар соҳаи тандурустӣ, таҳсилоти тиббӣ ва илмӣ ба имзо расида, дар баробари ин дар ҳошияи Ассамблеяи умумиҷаҳонии тандурустӣ соли 2024 дар шаҳри Женеваи Швейтсария Харитаи роҳ барои марҳила ба марҳила татбиқ гаштани он тасдиқ гардид.
Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуд, ки мо ба фаъолияти муштарак дар якчанд самтҳо, аз қабили мубориза бо бемориҳои сироятӣ ва аз ҷиҳати иҷтимоӣ аҳамиятнок, табобати бемориҳои дил ва саратон, рақамикунонии соҳаи тандурустӣ ва истифодаи технологияҳои телетиб аҳамияти махсус медиҳем
Зимни мулоқот бо назардошти таъмини рушди минбаъдаи ҳамкорӣ ва дастгирии татбиқи созишномаи байниҳукуматӣ аз ҷониби Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазири тандурустии Федератсияи Руссия Харитаи роҳ барои солҳои 2026-2027 тасдиқ гардид.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь