Дар ин бора як манбаъ ба “Азия-Плюс” хабар дода, гуфтааст, ӯ 18-уми декабр дар 69-солагӣ дар Душанбе вафот кард.
Ба гуфтаи манбаъ, ҷанозаи марҳум баъди намози аср дар маҳаллаи Сари чашмаи шаҳри Бохтар баргузор гардид.
Хайриддин Абдураҳимов аз соли 1999 то моҳи сентябри соли 2010 раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон буд. Ӯ дар пайи фирори 25 маҳбус аз боздоштгоҳи КДАМ дар Душанбе дар моҳи августи соли 2010, 2-юми сентябри ҳамон сол аз мақомаш барканор шуд.
Ду сол баъд аз ин қазия, номбурда раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи кишвар таъйин гардид ва то соли 2016 дар ин мансаб кор кард. Баъдан дар моҳи феврали соли 2016 сардори Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ таъин шуд ва ноябри соли 2020 аз ҳамин вазифа ба нафақа баромад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь