Хуршед Каримзода, раиси Хадамоти гумруки Тоҷикистон, гуфт, монеа нест, вале бо сабаби дуруст набудани санадҳои пешниҳодӣ дар бештари маврид ҳуҷҷатгузории молу маҳсулот бо таъхир ё дермонӣ сурат мегирад:
“Натанҳо кошӣ (кошин), дигар намуди молҳо ҳам ҳаст. Натанҳо нисбат ба Ӯзбекистон. Дар аксар ҳолат воридкунандагони мол ҳуҷҷатҳоеро, ки тибқи Кодекси гумруки Тоҷикистон муайян карда шудааст, пурра пешниҳод намекунанд. Ҳамчунин, нархи арзнамудаи воридкунандагони мол шубҳанок аст.”
Чанде пеш баъзе аз соҳибкорони узбекистонӣ аз монеагузории мақомоти Тоҷикистон барои воридоти маҳсулоти сохтмонӣ шикоят карданд.
Аз ҷумла, намояндаи ширкати “Knauf” рӯзи 17-уми январи имсол дар нишасте бо ҳузури муовини нахуствазири Ӯзбекистон аз он изҳори нигаронӣ кард, ки сарфи назар аз пешниҳоди бастаи ҳуҷҷатҳо, маъмурони гумруки Тоҷикистон маҳсулотро бо таъхир ҳуҷҷатгузорӣ мекунанд ва ин боис ба афзоиши арзиши молу коло мешавад:
“Аз якуми декабри соли 2025 Тоҷикистон барои воридоти кошӣ барои ҳар як тонна 450 доллар пардохти иловагӣ ҷорӣ кардааст. Агар қаблан бо дарназардошти роҳ ва боҷҳо арзиши як тонна тақрибан 2000 доллар буд, имрӯз он то 12 ҳазор доллар расидааст. Тоҷирони мо ба масъулони ҳукумати Тоҷикистон муроҷиат карданд ва ин маҳдудиятҳои ҷоришуда дар шакли боҷу пардохтҳои иловагӣ ба худи масъулони ҳукумати Тоҷикистон ҳам писанд нест.”
Дар ҳамин мулоқот муовини сарвазири Ӯзбекистон Ҷамшед Хӯҷаев дастур додааст, ки кӯшиш шавад ин маҳдудиятҳо аз байн бурда шаванд ва агар натиҷа надоданд, чораҳои ҷавобӣ татбиқ гарданд.

Хадамоти гумрук: Шикояти соҳибкорони ӯзбекистонӣ беасос аст
Блоки рекламавӣ


