“Оҷонси байналмилалии расонаҳои Амрико” (USAGM) гуфтааст, ки беш аз 500 нафар аз кормандони “Садои Амрико” ва дигар расонаҳо аз кор пеш карда мешаванд. Дар ин бора рӯзномаи “Guardian” хабар дод.
Кари Лейк, мушовири “Оҷонси расонаҳои байналмилалии Амрико” гуфт, ки ин қарор ба кам шудани бюрократия, беҳтар шудани хадамоти оҷонсӣ ва сарфаи бештари маблағ кӯмак хоҳад кард. Ба гуфтаи ин масъул 532 ҷойи корӣ кам хоҳад шуд, ки 486 – тои он ба “Садои Амрико” рост меояд. Ин қарор баъди он гирифта шуд, ки суд аз вазифа гирифтани Майкл Абрамович, раиси “Садои Амрико”-ро ғайриқонунӣ баровард.Суд ба хонум Лейк маслиҳат додааст, то барои шаҳодат додан, ба суд ояд. Дар суд ӯ аз сӯи вакилони дифоъ мавриди пурсиш қарор хоҳад гирифт.
Ин шикоят аз сӯи гурӯҳе аз кормандони “Садои Амрико” ба суд пешниҳод шуда буд ва мақсади он, пешгирӣ аз бастани расона аст. Иттиҳоди коргарони Амрико ин тасмими USAGM-ро маҳкум карда ва гуфтааст, ки ин иқдом ба нуфузи Амрико дар ҷаҳон таъсир мекунад. Ҳукумати Амрико рӯзи 28 август дар як санади судӣ гуфт, ки 158 корманди USAGM ва 108 корманди “Садои Амрико”-ро нигоҳ медорад. Доналд Трамп, президенти Амрико рӯзи 14 марти соли ҷорӣ дастур дод то буҷаи ин Оҷонсӣ кам карда шавад. Радиои “Аврупои Озод” (Радиои “Озодӣ”) ҳам зерсохтори USAGM аст.



