Санъат Раҳим, раиси Хадамоти бехатарии кор дар саноат ва кӯҳкорӣ кушта шудани 16 шаҳрванди Афғонистонро дар яке аз конҳои ангишти Тоҷикистон рад кард.
Ӯ рӯзи 27-уми январ зимни сӯҳбат дар нишасти солонаи хабарии ин ниҳод дар Душанбе гуфт: “Дар мо сабт нашудааст. Ман дар ҷамъбасти шашмоҳа иттилоъ дода будам, ки дар мо ин маълумот нест. Гарчанде ки мо ба прокуратураи ноҳия, шӯъбаи корҳои дохилӣ, роҳбарияти Комбинати металлургӣ муроҷиат кардем, пурсидем, ки ҳамин гуна хабарҳо ҳаст, ки шаҳрвандони Афғонистон дар ин ҷо ҳалок шудаанд? Гуфтанд чунин ахбор нест, ин шаҳрвандон дар ин ҷо кор намекунанд.”
Блоки рекламавӣ



