Бо ҳиммату дастгирии Мардон Насриддинов, аз соҳибкорони муваффақи ин диёр, Панҷрӯди бостон, зодгоҳу қадамгоҳи Одамушшуаро Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ, инак аз нав чароғон гардид. Ин манбаи барқ чандин сол буд, ки аз гардиш монда ва чархаву трансформатору дигар асбоби фаннияш фарсуда буданд.
Мардон Насриддинов, дар остонаи шуруъи фасли тирамоҳу сармо бо иқдоми наҷибонааш бозсохту таҷдиди онро бар дӯш гирифт ва акнун, аз дирӯз – 28 сентабр НБО «Панҷрӯд» бо иқтидори 500 квт аз нав шуруъ ба гардиш кард. Бо чунин тавоноӣ неругоҳ деҳаи Панҷрӯдро акнун комилан бо барқ таъмин менамояд. Дар манзилу маъвои панҷрӯдиён барқи доимӣ шӯълавар гаштааст ва сокинони деҳа барои ин кори хайри Мардон Насриддинов изҳори сипос менамоянд.
Соҳибкор Мардон Насриддинов мегӯяд: Мо пайрави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам президенти Кишвар, Эмомалӣ Раҳмон ҳастем ва барои ободии ватану диёр ҳамеша омода ҳастем ва то қадри имкон кӯшиш менамоям, ки барои рушди ободии Ватан саҳми босазо гузорам.
Ин низ шойистаи зикр аст, ки нерӯгоҳи «Панҷрӯд» соли 2011 аз тарафи ҳамин марди баҳиммат – Мардон Насриддинов, ки худ зодаи Панҷрӯд аст ва як ҷо бо ҳамдастии сокинони деҳа сохта ба истифода дода шуда буд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь