Аз ҷониби кормандони Шӯъбаи ВКД дар ноҳияи Хуросон дар асоси аризаву муроҷиатҳои шаҳрвандон оид ба аз ҷониби шахсони номаълум дуздида шудани чорвоҳояшон зимни пешбурди чораҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ 3 нафар гумонбарони ҷинояти мазкур дастгир карда шуданд.
– Далиев Мусулмон соли таваллудаш 1996; – Далиев Раҷабмаҳмад соли таваллудаш 1998; Неъматзода Муҳамадиброҳим соли таваллудаш 1999, сокинони ноҳияи Хуросон мебошанд.
Зимни тафтишот муайян карда шуд, ки гумонбарон бо мақсади ба даст овардани фоидаи муфт, шабона аз набудани атрофиён истифода намуда, вориди оғилхонаҳои шаҳрвандон гашта, гӯсфандони шаҳрвандонро дуздида, тариқи мототсикли тамғаи “Сузуки” ва автомашинаи тамғаи “Карандо” бор карда, аз ҷои ҳодиса ғаиб мезананд, ки бо ин кирдорҳои ҷинояткоронаашон ба соҳибмулкон зарари молӣ расонидаанд.
Номбурдагон дар 6 ҳолати ҷинояти дуздии чорвоҳои сокинони ноҳияи Хуросон даст дошта, маблағи зарари расонидаашон ба шаҳрвандон зиёда аз 34000 (сиву чор ҳазор) сомониро ташкил медиҳад.
Дар шуъбачаи тафтишотии Шуъбаи ВКД дар ноҳияи Хуросон нисбати номбурдагон парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244 қисми 2, Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь