Намояндагони беш аз 40 хоҷагии ҷамъиятию деҳқонӣ аз шаҳру навоҳии Тоҷикистон беҳтарин намунаҳои зоти гӯсфанди ҳисорӣ, аз қабили қӯшқор, меш ва барраро дар Фестивал –намоиши ҷумҳуриявии «Гӯсфанди зоти ҳисорӣ», ки дар шаҳри Ҳисор баргузор шуд, ба намоиш гузоштанд. Дар ин бора аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор хабар доданд.
Дар Фестивал-намоиши «Гӯсфанди зоти ҳисорӣ» қӯшқори наслии 5-сола аз хоҷагии чорводории «Сим-Сим» бо вазни зиндаи 189 килою 500 грамм ва бо қади 1 метру 4 сантиметр гаронвазтарин гӯсфанди зоти ҳисорӣ муайян ва сазовори «Шоҳҷоиза»-и фестивал 20 ҳазор сомонӣ шуд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь