Макони дафни блогер Дидор Амонсаҳатовро дар кишвари Туркманистон пайдо кардаанд.
Ба ин тартиб, хабари марги Амонсаҳатов тасдиқ мешавад. Блогери 34-сола тавассути шабакаи TikTok вазъи иқтисодиву нархи баланди маҳсулоти озуқаро дар Туркманистон танқид мекард. Дидор Амонсаҳатов бо лақаби Hitrowski дар шабакаҳои иҷтимоӣ мавод нашр мекард ва поёни моҳи ноябри соли 2025 ногаҳон нопадид шуд. 18-уми декабр радиои “Азатлик” навишт, хабарҳое дастрас кардааст, ки Амонсаҳатовро боздошт карда, эҳтимолан то мурданаш шиканҷа кардаанд. Вале мақомот дар бораи будубоши ӯ ва ё сабабҳои боздошташ аслан шарҳе надодаанд.
Як сокини Туркманистон гуфтааст, вақте дар саҳифаи Hitrowski дар робита бо даргузашти блогер изҳори ҳамдардӣ кардааст, ӯро ба бозпурсӣ бурдаанд. Дар он ҷо ӯро таҳдид кардаанд, ки сарнавишти ин блогер бояд барои ҳар як мунаққиди дигари ҳукумати Туркманистон дарс шавад.
Дар як изҳороти ахираш Hitrowski аз якбора афзудани нархи гӯшт танқид карда навишта буд, ки ин маҳсулот на барои ҳар як сокини Туркманистон дастрас аст.

Гӯри блогерро дар Туркманистон ёфтанд
Блоки рекламавӣ


