“Вазорати корҳои дохилӣ вобаста ба куштори 4 нафар аҳли оилаи шаҳрванд Иброҳимов Ҳалим Раҳимович, сокини ҷамоати деҳоти Зайнабобод, деҳаи Дарёбод, чунин хабар медиҳад.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ гумонбарони ҷинояти мазкур дастгир гардида, далелҳои шайъӣ гирифта шуданд.
Гумонбарон пешсудшуда С.Н. ва А.С. истиқоматкунандагони ҳамин деҳа бо мақсади дуздиву ғоратгарӣ ба манзили истиқоматии Иброҳимов Ҳ.Р. ворид гашта, ҳангоми огоҳ шудани соҳибхона онҳо ваҳшиёна даст ба куштор задаанд.
Дастгиршудагон дар маҳкамаи нигоҳдории муваққатӣ боздошт шуда, тафтишоти парвандаи ҷиноятӣ аз ҷониби мақомоти Прокуратура идома дорад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь