Рифъат Султонов, зодаи Тоҷикистон ва гумонбар дар сӯиқасд ба ҷони ҳамсари тоҷири тотористониро аз Тоҷикистон ба шаҳри Қазон бурданд. Дар ин бора хабаргузории “Реальное время” иттилоъ дод.
Мақомоти ҳифзи қонуни Руссия гуфтанд, ки сӯиқасди фармоишӣ рӯзи 14-уми октябр рух дод. Рифъат Султонов, ки зоҳиран шаҳрванди ҳам Руссия ва ҳам Тоҷикистон аст, ба гуфтаи мақомоти Руссия, ба Ирина Шевиреваи 34-сола дарафтода ба гарданаш чанд дафъа кор зада, ҳамон шаб ба Тоҷикистон фирор кард.
Вазорати корҳои дохилии Русия рӯзи 18-уми октябр гуфт, ки Рифъат Султонов дар ватанаш, яъне Тоҷикистон боздошт шуда, масъалаи истирдордаш дар ҳоли баррасӣ аст. Бино ба гузоришҳо, ӯро рӯзи 19-уми октябр барои посух додан дар назди қонун ба пойтахти Тотористони Руссия – шаҳри Қазон бозпас фиристодаанд. Рифъат Султонов ягона гумонбар дар ин сӯиқасд нест ва дар робита ба парванда дар Тотористон шаш нафари дигарро низ боздошт кардаанд.
Дар миёни онҳо фармоишгарони эҳтимолии сӯиқасд – соҳибкор ва шавҳари ҷабрдида Иван Шевирев ва падарарӯсаш низ ҳастанд.
Баробар бо онҳо сардори хадамоти амниятии ширкати онҳо ва ду тоҷиктабори шаҳрванди Русия низ дастгир шудаанд. Нашрияи русизабони “Реальное время” гуфтааст, ки фармоишгарон барои анҷоми сӯиқасд ва қатли зан беш аз 5 миллион рубл подош ваъда кардаанд.

Гумонбар дар сӯиқасдро ба Қазон бурданд
Блоки рекламавӣ


