Кормандони Хадамоти федералии амният (ФСБ) ва мақомоти сарҳадӣ дар вилояти Ульяновск сокини Димитровградро дастгир карданд, ки аз апрели соли 2024 то июни соли 2025 қасди сӯиқасд ба ситораи телевизиёни Руссия Владимир Соловёвро дошт.
Ин мард барои маълумот дар бораи хатсайрҳои ҳаракат ва ҷойгиршавӣ ва нақшаи ҳамла ба Соловёв ба Маскав чанд бор сафар кард.
Гуфта мешавад, ки боздоштшуда бо супориши Хадамоти махсуси Украина амал мекардааст.
Нисбати боздоштшуда бо моддаи 205.5 Кодекси ҷиноятии Руссия (“Иштирок дар фаъолияти ташкилоти террористӣ”) парванда оғоз шуд.
Блоки рекламавӣ



